чанбар — [چنبر] 1. доира, ҳалқа, ҳар чизи доирашакл ва ҳалқамонанд; чанбари зулф ҳалқаи зулф; чанбар кардан доирашакл кардан, ҳалқа кардан; чанбари ханҷар чанбаре, ки дар тарафи дохилии он ханҷарҳо гузошта мешуд ва дорбозону чашмбандон аз он мегузаштанд;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гардан — [گردن] 1. қисме аз бадан, ки байни сар ва танаи одам, ҳайвонот, парандагону хазандагон ва м.ин. воқеъ аст 2. ҷои танги байни даҳон ва шиками зарфҳо, гардани зарфҳо ва асбобҳои дигар: гардани кӯза, гардани шиша; ба гардани… ба зиммаи…, ба ӯҳдаи…;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сар — I [سر] 1. узви бадани инсон ва ҳайвон, ки мағз, чашм, гӯш, бинӣ ва даҳон дар он қарор дорад, кала 2. оғоз, аввал, ибтидо; сари бозор, сари кӯча, сари таҳсил, сари тобистон, сари шаб 3. боло, рӯи; сари болин, сари кӯҳ, сари сина 4. нӯг; сари ришта … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
таслим — [تسليم] а. супурдан; гардан ниҳодан; тандиҳӣ бо фармони касе ё пешомаде; сари таслим фикандан итоат ва фармонбардорӣ изҳор кардан; таслим кардан супурдан, тамоми ихтиёри чизеро ба касе вогузор намудан; таслим гаштан (шудан) тан додан, ихтиёри… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чашм — [چشم] 1. узви биниш дар инсон ва ҳайвон; чашм(он)и бодомӣ чашми бодомшакл; чашми тар дидаи гирён; чашми тира чашми камнур ва хира; чашм(он)и мешӣ чашмони калон калони сиёҳ; чашмони шаҳло чашми сиёҳи моил ба кабудӣ, ки бисёр зебо ҳисоб меёбад; ба… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
даркашидан — [درکشيدن] 1. якбора нӯшидан, бо як дам нӯшидан, тамоман нӯшидан, дам кашидан: чойники чойро даркашидан 2. чизеро ба чизе кашидан ё пӯшонидан: даркашидани пӯст ба доира ё нақора, даркашидани тӯр ба элак ва ғ. ; сар аз итоат даркашидан аз итоат сар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
изъон — [اذعان] а. кит. итоат; эътироф; изъон кардан итоат кардан, гардан фуровардан (ба амри касе) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
исён — [عصيا] а 1. саркашӣ, сарпечӣ аз итоат 2. қиём бар муқобили қувва ё мафкураи ҳокима, балво; шӯриш; исён кардан шӯридан, аз итоат гарданкашӣ кардан, бар зидди ҳокимият бархостан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лаббай — [لبي] а. (аслаш лаббайк) нидо дар ҷавоби хитоб ё баъди шунидани сухани касе ба маънои «қабул мекунам», «итоат мекунам», «ба хизмат тайёрам» кор фармуда мешавад; ҳа, ҳо, бале; лаббай гуфтан ҳа гуфтан; итоат кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нӯхта — [نوخته] абзоре аз чарм ё банд, ки барои нигоҳ доштани асп, хар ё чорпои дигар ба сари он андохта мебанданд; гулафсор; нӯхта задан (андохтан) а) нӯхта ба сар кардан (ба хар); б) маҷ. ба итоат даровардан, ром кардан, мутеъ сохтан; нӯхтаро кандан… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ